Ҳамчун як қисми татбиқи стратегияи иттилоотии худ, КТ сомонаи нави худро таъсис дод (www.caritas.tj). Сомонаи ахборотии мазкур ба эҳтиёҷоти мавҷудаи ташкилот ҷавобгӯ буда, ба он ҳар думоҳа хабарҳои нав илова карда мешавад. Инчунин, зарурати нашр кардани ҳисоботҳои молиявии ҳарсолаи корхона мувофиқи талаботи нав, ба ташкили ин сомона водор намуд. Дар гузашта ташкилот сомонаи худро дошт, ки ҷойгузориаш ройгон буд (дар www.wix.com), аммо дертар маълум гардид, ки ин таҷриба маҳдудиятҳо худро низ доштааст.