About Us

Каритас Тоҷикистон (номи пурра Шӯъбаи Каритас Интернатсионалис дар ҶТ) ташкилоти башардӯстона ва рушд буда, хидматҳои хайриявӣ ва иҷтимоии Калисои Римӣ, Католикиро дар Тоҷикистон намояндагӣ менамояд. Ин воситаи кӯмаки Калисои католикӣ ба камбизоатон, осебпазирон ва бенавоён бидуни фарқияти динӣ ва нажотӣ буда, бо мақсади бунёди ҷаҳони адолатпарвар ва муҳаббати бародарона, мебошад.

Дар бораи мо

Каритас, ҳамчун фаъолияти хайриявӣ дар назди калисо, кори худро соли 1983 оғоз намудааст. Соли 2004 он аз ҷониби таъсисдиҳанда - Калисои католикӣ дар Душанбе расмӣ карда шуд. Ташкилот моҳи апрели соли 2007 бо дастгирии молиявии Хадамоти Ёрии Католикӣ (CRS) идораи кории худро кушод.

Каритас Тоҷикистон ба аҳолии осебпазири Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ва тараққиётӣ мерасонад.

Имрӯз, барномаҳои корхона аз лоиҳаҳои оиди об ва санитария, дастгирии иҷтимоӣ, тандурустӣ ва кӯмак дар ҳолатҳои фавқулодда иборат мебошад.

Рисолати мо

Каритас Тоҷикистон, ин таҷассуми ғамхории иҷтимоии Калисои католикӣ дар ин кишвар буда, ҳамчун ташкилоти башардӯстона, он арзишҳои Калисо ва фаҳмиши вазъияти инсониро бо худ нигоҳ медорад.

Дар “Deus Caritas Est” энсикликаи худ дар бораи “муҳаббат” ба ҳамсоя (яъне, маънои калимаи лотинии Каритас), Поп Бенедикт XVI баъзе принсипҳо ва дастурҳоеро таъсис дод, ки рисолат ва айнияти Каритасро равшан нишон медиҳанд. Мо вазифаи худро дар Тоҷикистон ҳамчун, «ифодаи муҳаббате, ки ба пешравии инсон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт равона шудааст… бо мақсади ҳамраҳӣ ва ғамхории пайваста ҳангоми эҳтиёҷот ва азобу кулфатҳои ӯ», мебинем. (б. 19).

Барои мо, «хайрия, як намуди фаъолияти умумии бардоштани некӯаҳволӣ нест, ки метавонад ба ӯҳдаи дигарон низ гузошта шавад, балки он қисми табиати Калисо буда, ифодаи беназири ҳастии ӯ мебошад» (б. 25). «Сохтани тартиботи одилонаи иҷтимоию шаҳрвандӣ, ки дар он ҳар шахс ба чизе мерасад, ки ба ӯ мансуб аст, вазифаи муҳимест, ки ҳар як насл бояд аз нав ба ӯҳда бигирад».

Каритас «наметавонад ва набояд муборизаи сиёсиро баҳри бунёди ҷомеаи одилонатарин ба ӯҳдаи худ гирад. Ӯ наметавонад ва набояд вазифаҳои давлатро ба худ бигирад.  Бо вуҷуди ин, ҳамзамон, он наметавонад ва набояд дар мубориза баҳри адолат бетараф бошад. » ... «Аммо, пешбурди адолат тавассути кӯшишҳо барои таъмини озодфикрӣ ва ирода ҷиҳати иҷрои корҳои манфиати умум, чизест, ки мавриди таваҷҷуҳи Калисо мебошад». (банди 28).

Ҳамин тавр, инкишоф ин калиди пешрафт ва некӯаҳволии иҷтимоист, «хайрияи Масеҳӣ, пеш аз ҳама, ҷавоби мустақим ба эҳтиёҷоти оҷилӣ ва ҳолатҳои махсус мебошад: таъом додан ба гуруснагон, бо либос таъмин намудани бараҳнагон, ғамхорӣ ва табобати беморон, хабар гирифтан аз маҳбусон ва ғ.» (б. 30). Бе этиноӣ ба корҳои «кӯмакрасонӣ», номумкин аст.

Фаъолияти хайриявии мо «бояд аз ҳизбҳо ва идеологияҳо новобаста бошад. Ин маънои тағйир додани ҷаҳонро аз ҷиҳати идеологӣ надорад ва он дар хидмати макри ҷаҳонӣ нест, балки, ин роҳи ин ҷо ва ин дам, ҳаст кардани муҳаббат мебошад, ки ба он инсон ҳамеша ниёз дорад.» (б. 30).

Каритас Тоҷикистон ташкилоти башардӯстонаи ба калисо алоқаманд мебошад ва мо намехоҳем айнияти худ ва такя намудан ба арзишҳои масеҳиро, пинҳон намоем; Бо вуҷуди он, "Хайрия наметавонад, ҳамчун воситаи истифода барои он чизе, ки имрӯзҳо прозелитизм дониста мешавад, истифода шавад. Муҳаббат озод ва беғаразона аст; он ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои дигар амал намекунад ... Он касоне, ки амалҳои хайриявиро аз номи Калисо анҷом медиҳанд, ҳеҷ гоҳ кӯшиши талқин намудани дини масеҳиро ба дигарон намекунанд» (б. 30-31).

Диди мо

Каритас Тоҷикистон, баҳри таъсис додани ҷомеаи баробарҳуқуқ, одил, осоишта, демократӣ ва плюралистие, ки дар он одамон якдигарро эҳтиром мекунанд ва якҷоя бидуни табъизи табақа, мазҳаб, наҷод, мансубияти этникӣ ва ё ҷинс фаъолият мекунанд, саъю кӯшиш менамояд. Фаъолиятҳои мо баҳри баамлбарории принсипҳои асосӣ ва универсалии Ҳуқуқҳои Инсон ба роҳ монда шуда, одамони маҳрумшуда ва ҷудокардашуда тавассути фаъолгардонӣ ва муташаккилӣ қудратнок карда мешаванд, то ки тавонанд ба рушди ҳамаҷонибаи инсонӣ бирасанд ва ташвиқгарони ислоҳоти иҷтимоӣ гарданд.