Ба ғайр аз фаъолиятҳои алоҳидаи вокуниш ба COVID-19, КT лоиҳаи кӯмаки фавқулоддаро дар ин самт амалӣ намуд. Лоиҳа 12 000 маҳбусон ва кормандони муасиссаҳои ислоҳӣ (МИ) ва 6000 аҳолии шаҳраки Қубодиёнро фаро мегирад. Ин лоиҳа бо шӯъбаи тиббии МИ ва клиникаи марказии ноҳияи Қубодиён шарикӣ намуд. Ҳадафи он мустаҳкам намудани қобилияти қисмҳои тиббӣ (дар 15 муассисаи тиббии муассисаҳои ислоҳӣ ва як клиникаи бемориҳои сироятии шаҳрвандӣ) ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин эпидемия мебошад. Лоиҳа шароити назорати сироятӣ ва иқтидори ташхисию табобатии қисмҳои тиббии беҳтар намуд. Муассисаҳои мавриди ҳадаф, тибқи ин мақсад, таҷҳизоти шӯъбаҳои махсуси худро барои табобати бемориҳои сироятии роҳҳои нафасро такмил доданд (хатҳои таъминкунандаи оксиген дар баъзе ҳолатҳо насб карда шуданд) ва бо воситаҳои муҳофизатии инфиродӣ, маводҳои безараргардонӣ, лампаҳои ултрабунафш, таҷҳизотҳои вентилятсияи палатаҳо, термометрҳои масофавӣ, доруҳо ва ғайра таъмин гардиданд.
Қисми дигари муҳими кори лоиҳа ин тақвият бахшидани чораҳои профилактикӣ буда шаҳраки Қубодиён ва МИ-ро дар бар гирифт. Дар ин ҷода, лоиҳа маводи иттилоотиро омода кард ва барои тақрибан ду ҳазор нафар аҳолӣ, маҳбусон ва кормандони МИ сӯҳбат-омӯзишҳо гузаронид. Беҳтар намудани дастрасӣ ба нуқтаҳои шустани даст низ қисми ин самти кори лоиҳа буда зиёда аз двоздаҳ муассисаҳо аз ин фаъолият баҳраман шуданд.
Бо ин лоиҳа КТ таҷрибаи худро дар системаи ислоҳӣ боз ҳам ғанитар намуд.

Лоиҳа аз ҷониби Каритас Люксембург маблағгузорӣ карда шуда аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *