Соли 2020 Caritas Tajikistan (CT) лоиҳаи зиддисилии худро дар системаи пенитенсиарии (СП) кишвар шурӯъ кард. Гарчанде, ки ин аввалин лоиҳаи сил аст, аммо ин аввалин лоиҳае нест, ки КТ дар СП амалӣ кардааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур, кӯмак ба шӯъбаи тиббии СП дар назорати бемории сил дар система мебошад. Лоиҳа оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил дар шарикӣ бо раёсати тибии СИ ва Барномаи милии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил амал мекунад.
Яке аз фаъолиятҳои лоиҳа, ки дорои хусусияти амиқи иҷтимоӣ аст ин пайгирии иҷтимоию тиббии беморони сил мебошад, ки ба беморони дар давраи табобати сил аз маҳбасҳо озод шудаанд, марбут мебошад. Ҳадафи ин чорабинӣ таъмини табобати бефосилаи беморони силест, ки ҳангоми табобат аз СИ хориҷ мешаванд. Фаъолият, таъмини алоқаи чунин беморон ба марказҳои шаҳрвандии сил дар ноҳияи истиқоматии онҳоро дар назар дорад; интиқол додани доруҳои зидди сил, вохӯрӣ бо табибон ва оилаи онҳо, то боварӣ ҳосил кунанд, ки беморон табобатро идома медиҳанд; расонидани машваратҳои равонӣ ба беморон ва аъзои оилаи онҳо барои риояи талаблотҳои табобат ва дастгирии имконпазири ғизо, ҳамчун омили ҳавасмандкунанда, барои натиҷаи муваффақонаи табобат, корҳои аосии ин самт мебошанд. Дар расм, як бемори сил пас аз раҳо шудан аз СП ба назди духтури силшиносӣ бо ҳамроҳии кормандони Каритас ташриф меорад.
Маблағгузорӣ аз ҷониби Caritas Люксембург

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *