Дар ҳоли ҳозир (июни 2021) Тоҷикистон бо фарорасии мавҷи нави эпидемияи COVID-19 рӯбарӯ аст. Мамлакат дар доираи барномаи Ташкилоти Умимиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) бо номи COVAX тақсимоти ваксинаҳо тақрибан ҳафтсад ҳазор ваксина гирифт. Дар ин вазъият, Каритас (КТ) зарурати ҷиддии таҳия кардани чунин як сиёсатро, ки бояд кормандон ва шариконро зуд ба эмкунӣ ҳавасманд кунад, сариваақтӣ донист. Сиёсат ҳадафи ҳавасманд кардани кормандони КT -ро барои эмкунӣ аз КОВИД дар назар дорад. Ҳангоми таҳияи ин сиёсат КT таҷрибаҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҷиҳати сиёсати эмгузаронӣ ба назар гирифт.
Сиёсат таъкид мекунад, ки дар ин марҳилаи пандемия, эмкунӣ роҳи беҳтарини ҳифзи ҷои кор ва пешбурди сиёсати ҳифзи кормандон аз COVID-19 дар шароити паҳншавии штаммҳои нави он бо ваксинаҳои COVID-19, мебошад. Он ба дастури ТУТ ишора мекунад, ки ваксинаҳо аз бемориҳои вазнине, ки дар натиҷаи коронавируси нав ба вуҷуд омадаанд, муҳофизат мекунанд ва сатҳи паҳншавии онро коҳиш медиҳанд.
Навиштани сиёсат ба он равона шуда аст, ки эмкуниро ҳарчи бештар барои кормандон ҷолиб созад ва корношоямии марбут ба таъсири номатлуби ваксинакуниро ҷуброн кунад. Бо ин мақсад, сиёсат то панҷ рӯзи рухсатии пулакиро ба коргар дар сурати мушкилиҳои пас аз ваксинагирӣ муқаррар мекунад. Он барои рӯзи гирифтани ваксина 0,5 рӯзи истироҳат медиҳад. Ташкилот инчунин метавонад як қисми хароҷоти муолиҷаро, ки пас аз метавонад сурат гирад ба кормандон пардозад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *