Соли сеюм аст, ки Caritas Тоҷикистон (КТ) тавассути якчанд ассотсиатсияҳои маъюбон дар вилояти Хатлон ҷиҳати дастрасӣ ба қарзҳои хурд барои шахсони маъюбро (бо сифр фоизи бонкӣ), кор мекунад,. Ҳадафи ин фаъолият фароҳам овардани имконият барои маъюбон барои пешбурди тиҷорати хурди худ ва ҳамзамон таҳкими тавонмандии ҳамин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мебошад.
Дар моҳи майи соли равон, як созмони ғайридавлатии нав ба лоиҳа ҳамроҳ шуд, ки шумораи умумии шарикони ин лоиҳаро ба 4 баробар кард. Он, узви (филиали) Ассотсиатсияи миллии маъюбон дар ноҳияи Хуросон мебошад.
Ин як ташкилоти ҷавон бо нақшаҳо калон мебошад. Мисли ташкилоти дигари шарики ин шабака, ташкилоти нав тадриҷан ба ин фаъолият ворид карда мешавад. Онҳо як гранти хурди оғозиро (стартапиро) барои кушодани фаъолияти қарзӣ дар байни аъзои худ, гирифтанд. КT иҷроиши онҳоро назорат мекунад ва тавсияҳо медиҳад. Ба аъзоёни ТҶ ба мӯҳлати то як сол қарзҳои хурд дода мешаванд. Ташкилот ҳар як довталабро барои эътимоднокӣ ва имконпазир будани идеяи тиҷоратиаш арзёбӣ мекунад ва бояд дар ин кор ба таҷрибаи аъзоёни дигари шабака такя кунад. Барои пӯшонидани хароҷоти амалиётии марбут ба коркарди қарзҳо ассотсиатсия дар хароҷотҳои оператсионии худро аз аъзоён мегирад.
Аз ҷониби кишвари Ватикан маблағгузорӣ карда шудааст