Аз соли 2016 Каритас Тоҷикистон (КТ) шабакаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки маъюбонро дар вилояти Хатлон муттаҳид мекунанд, дастгирӣ менамояд. Ҳадафи лоиҳа тавонмандсозии ин гурӯҳ тавассути мусоидат ба тавлиди даромад тавассути қарзҳои хурди бефоиз барои маъюбон мебошад. Дастрасӣ ба хидматрасониҳои бонкӣ барои маъюбон мушкилоти хусусии худро дорад. Нигаронии бонкҳо аз хатари пасбарнагардонидани кредитҳо аз ин гуна муштариён асос мегирад. Аз ин рӯ, лоиҳа дар байни аъзоёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ талаботи хоса дорад.
Лоиҳа ҳар сол маҷлиси солонаи ин ташкилотҳои шарикро баргузор менамояд, ки дар он ҳисоботи солонаи ташкилотхо шунида, масъалаҳо ва пешравиҳои умумӣ мухокима карда мешаванд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз ҷониби гурӯҳ матраҳ ва мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин пешрафти хуби обчакорӣ дар гармхонаҳо байни маъюбони муқими деҳот мебошад. Гуфта шуд, ки сабаби ин пешрафт аз ҳисоби даромаднокии баланди тиҷорати маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳангоми истифода аз маводи тухмии хушсифат аст.
Имсол, Каритас бо дарназардошти маъракаи Каритас Интернатсионалис «Боҳам МО» ба муҳокимаи масъалаҳои экологӣ таваҷҷӯҳи хоса нишон дода масъалаи таъмини пешбарии фаъолиятҳои ҳифзи муҳити зистро дар ин лоиҳа, дар сатҳи ҳар як фард ва ҷомеа, бардошт. Қайд карда шуд, ки таваҷҷӯҳ ва ҷалби бештари маъюбон ба кишоварзӣ бо истифода аз маводи органикӣ ва усулҳои тозаи эколоии коркарди растанӣ бо нуриҳои биологӣ (ғайрикимиёвӣ, аз партовҳои ҳайвонот ва наботот) саҳми арзандаи ин гурӯҳ ба ҷиҳати ғамхорӣ ба муҳити зист, ҳисоб шуда метавонад. Дар шароите ки арзиши нурихои химиявй баланд мешавад, ин гуна амалҳо ҳамчунин роҳи сарфаҷӯиӣ низ мебошад.
Ҳамчун як мавзӯи ба ин алоқаманд ин буд, ки Каритас идеяи коркарди дубораи пластикҳоро ҳамчун роҳи дигари нигоҳубини муҳитиатроф ба барраси овард. Махсусан, истеҳсоли ашёҳо аз пластикҳо, барои бисёре аз аъзоёни шаҳрнишин, метавонад як фаъолияти эҳтимолан судманд бошад. Дар бораи идеяҳои нав гуфта шуд, ки чӣ тавр одамон бо воситаҳои камтарин аз пластмассаҳо (ба мисли ПЭТ) барои истеҳсоли ҳар гуна маҳсулот истифода бурда, ки дар бозори маҳаллӣ талабот дорад. Масъалан, шетка- ҷойруб, сабад, унсурҳои ороишӣ ва ғайра. Ҳамчунин намоиши амалии ин таклифҳо сурат гирифт.
Каритас Тоҷикистон ин гурӯҳро ҳамчун номзади эҳтимолӣ барои таъсиси “ҷамоаҳои ғамхори экология” ҷиҳати амалӣ кардани ташаббусҳои нави Каритас, мешуморад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *