Ҳикояи инсонӣ аз муштарии мо
“Орзуи табиб шуданро доштам, зуд-зуд ҳамроҳи модарам ба кор мерафтам. Дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ҳамшираи шафқат кор мекард. Ман ба ӯ дар тоза кардани бино, нигоҳубини беморон, коркарди асбобҳо ва ғайра кӯмак мекардам. Мутаассифона, баъди хатми мактаб натавонистам ба коллеҷи тиббӣ дохил шавам, балки ба литсейи алоқа дохил шудам…» – чунин нақл кард Умар Акаеви 21 сола.
Модари Умар ду фарзандро танҳо ба воя расонд. Вақте ки Умар 6-сола буд, ӯро ба хонаи кӯдакон супурданд ва баъд аз он ба интернат фиристоданд ва аз синфи якум то ҳаштум дар онҷо таҳсил кардааст. Баъд ӯро ба мактаби маълумоти умумй гузаронданд ва соҳиби аттестати маълумоти миёна гардид. Баъди чанде ӯро сарнавишти душвор пеш омад. “Модарам бо шакли вазнини пневмония бемор шуд ва хоҳарамро ба интернат доданд” -давом дод ӯ.
«Ман ба рӯзгузарони ба корҳои ҳархела шурӯъ намудам, дар хобгоҳ дар як ҳуҷра зиндагӣ мекардам ва шароити мусоиди рӯзгорро надоштам. Хеле душвор буд, ноумедӣ зиёд буд ва гоҳ-гоҳ ҳатто фикрҳои худкушӣ низ дар сарам пайдо мешуд. Ягона чизе, ки маро нигоҳ медошт, ин андешаи он буд, ки бо модару хоҳарам чӣ мешавад, онҳо маро хеле дӯст медоранд, ку” – мегуфт Умар.
Аз феврали соли 2021 то феврали 2023 Умар барои содир кардани амалҳои зиддиқонунӣ дар муассисаи ислоҳии наврасон буд. Ба қавли ӯ, тақдир ба ӯ меҳрубон буд, ӯ авф шуд ва пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромад. Пас аз озод шудан, ӯ сабабҳои зиёди изтиробро паси сар кард: ҳуҷҷатҳоро гум кард, доғгузорӣ дид, бекорӣ ва набудани даромад. Ба ҳар коре мерафт, аммо на ҳамеша ва на ҳама ӯро қабул мекарданд.
Дар дунё касе нест, ки дар тӯли умраш нокомиро надида бошад. Нокомӣ дар табиати рушди инсон ҳаст. Вақте ки шахс ноком мешавад, вай бояд имконият дошта бошад, ки кардаҳо, арзишҳо ва рафтори худро аз нав дида барояд. Таҷрибаи нокомӣ моро водор мекунад, ки ҳиссиёти ҳамдардӣ, раҳм ва ғамхорӣ дар худ инкишоф диҳем. Ин се эҳсос абзори муҳиме дар роҳи мо баҳри беҳтар шудан мебошанд.
Боре Умар ҳангоми муоинаи тиббӣ дар назди як духтур барои гирифтани шаҳодатномае бо корманди ташкилоти «Каритас Тоҷикистон» вохӯрд. Сипас фаҳмид, ки дар дафтари Каритас Тоҷикистон як марказ амал мекунад, ки ба чунин афроди осебпазире мисли ӯ кӯмак мерасонад.
Ба марказ омада, бо дигар вохӯрда, кори мутахассисон ва муносибати неки онҳоро ҳис кард. Онҳо ба ҳамаро мефаҳмиданд ва бо эҳтиром муносибат мекарданд, моро дастгирй мекарданд ва раҳнамоӣ мекарданд, ки ба оянда бо умед нигоҳ кунем. Онҳо якчоя қадам ба қадам нақшаҳои реалй тартиб доданд.
«Ман ҳар ҳафта ба марказ ташриф овардам, аз ҳуқуқшиносу равоншинос маслиҳат гирифтам, рафтору муносибати кормандони марказро бо таваҷҷӯҳи зиёд мушоҳида намудам, ба кордонӣ, меҳрубонӣ ва хоҳиши кӯмак расонидани онҳо ба ман хеле писанд омад» – иброз дошт таассуроти худро Умар Акаев.
Дар натиҷаи кори дастаҷамъонаи бо кормандони марказ ҷиҳати расонидани хидмати иҷтимоӣ, Умар тавонист литсейи алоқаро, ки қабл аз афтиданад ба муассисаиислоҳӣ дохил шуда буд, хатм кунад. Умар обруи худро зиёд карда, ба худ боварӣ пайдо кард. Барои амалӣ намудани орзуяш тавонист дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ ба кор дарояд, таҷриба андӯхт ва соли таҳсили дигар ба коллеҷи тиббӣ дохил шавад. Дар вақти холӣ аз вазифааш дар кинотеатр низ кор мекунад.
Қобили зикр аст, ки хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар ин марказ бахше аз лоиҳаи “Офиятбахшӣ ва реинтегратсияи маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, хатмкунандагони ятимхонаҳо ва бесарпаноҳон дар Тоҷикистон” мебошад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ мешавад.
Хидматҳои иҷтимоии лоиҳа аз машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ, хидматрасонии роҳнамоӣ, мӯйтарошӣ, ҷомашӯӣ, душ ва ёрии аввал иборатанд.
Лоиҳа аз ҷониби Филиали Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Ҷамъияти равоншиносон – мушовирон ва психотерапевтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ТҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва «Каритас Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Орзуҳо амалӣ мешаванд, муҳим он аст, ки ба онҳо бовар кунем ва ҳеҷ гоҳ таслим нашавем!