Тими КТ иҷроиши нақшаи стратегии худро барои солҳои 2016-19 баррасӣ намуд. Ин нақшаи стратегӣ соли 2016 бо дастгирии Фонди Каритас Люксембург ва роҳнамоии машваратчӣ ва мутахассиси Каритас, Карл Амман таҳия шудааст. Ин соли охирини нақшаи мазкур мебошад ва ин баррасӣ, бо мақсади баҳо додани иҷроиши нақшаи стратегӣ, гузаронида мешавад. Таҳлил нишон дод, ки КТ, дар маҷмӯъ фаъолиятҳои нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияро, иҷро кардааст. Ҳамин тариқ, 79% фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда ба анҷом расонида шудаанд, 13% ба анҷом нарасидаанд ва иҷроиши қисми боқимондааш номуайян мемонад. То охири сол, ҳоло ҳам ноил шудан ба баъзе пешравиҳои дигар ҷиҳати татбиқи нақшаи стратегӣ, имконпазир мебошад. Соли оянда Каритас Тоҷикистон бо баназардошти стратегияи нави КИ, нақшаи нави худро барои солҳои 2020-24 таҳия хоҳад кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *