Барои Каритас Тоҷикистон (КТ) моҳи декабр (2019) дар фаъолияти реинтегратсионӣ-иҷтимоӣ бо муҳоҷирон вақти серкорӣ буд, зеро якчанд ҳолати кор бо муҳоҷирони аз Аврупо бозгашта иҷро карда шуд, ки дар байни онҳо чор нафар аз Олмон ва ду нафар аз Нидерландия баргаштагон буданд.
КТ бо Микадо Мигратсия ва Шӯрои Нидерландия оиди гурезагон ҳамкорӣ менамояд то кори иҷтимоӣ-реинтегратсияи бо бозбаргаштагон баъди баргаштан ба ватан, дастгири намояд. Қисми асосии ин фаъолияти иҷтимоӣ-реинтегратсиронӣ, ки КT сари он мекунад ин раҳнамоӣ ва ва дастгирии бозбаргаштагон ҷиҳати ёфтани кор ва кушодани шуғули муайян барои худ пас аз баргаштан ба ватан, мебошад. Шуғлҳои байни бозбаргаштагон, бо баъзе сабабҳо, маъмул ин хизматрасониҳои таксӣ, устои сохтмон, ва баъзан кори замин ва кишоварзӣ, мебошанд. Аксар вақт афзалият ба фаъолиятҳое дода мешавад, ки дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад даромад ба даст оранд. Каритас таъмин мекунад, ки бозбаргаштагон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, бозоргонӣ ва тиҷоратии шуғли интихобкардаашонро донанд ва оиди он мулоҳиза намоянд. Қисми дигари дастгирии Каритас ба онҳо ин мусоидат намудан дар навиштани нақшаи бизнес барои ташкил кардани кори хурд ва ҳамроҳии онҳо дар гирифтани маблағ аз донор, мебошад. Пас аз ин, мо мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағ тибқи нақшаи тиҷоратии онҳо ва риояи талаботҳои донорҳоро, назорат мекунем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *