Дар доираи барномаи об, санитария ва гигиена (WASH), Каритас Тоҷикистон бо дастгирии молиявии LDS Charities ва бо ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллӣ як лоиҳаи муҳими иҷтимоиро дар деҳаи Кафшдузон, ки дар ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст, оғоз кард.
Ҳадафи асосии ин ташаббус таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва бехатари нӯшокӣ барои сокинони Кафшдузон мебошад, ки бинобар таъсири тағйирёбии глобалии иқлим бо норасоии афзояндаи оби тоза рӯбарӯ шудаанд.
Барои ноил шудан ба ин, лоиҳа пармакунии чоҳи оби амиқро барои таъмини манбаи устувори оби нӯшокӣ дар бар мегирад. Пеш аз оғози кори пармакунӣ чоҳ, Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералӣ арзёбиеро анҷом дод, ки мавҷудияти захираҳои кофии об ва мувофиқати маконро барои пармакунӣ тасдиқ кард.
Корҳои пармакунӣ моҳи июли соли 2025 оғоз шуда, то моҳи сентябр идома ёфтанд. Чоҳи нав бо қутри 219 ва чуқурии 140 метр омода шуда ҳоло барои таъмини об ба зиёда аз 700 хонавода омода шуда аст. Ин ташаббус на танҳо масъалаи норасоии обро ҳал мекунад, балки ҳолати гигиениро беҳтар мекунад, хатари бемориҳои тавассути об гузарандаро коҳиш медиҳад ва вақт ва кӯшиши сокинонро сарфа мекунад, зеро онҳо минбаъд ба кашонидани об аз манбаъҳои дур вақту қувва сарф нахоҳанд кард.
Иштироки ҷомеа ҷузъи калидии лоиҳа аст. Пас аз пурра ба кор даромадани чоҳ, мақомоти маҳаллӣ ва сокинон масъулияти пайваст кардани онро ба шабакаи мавҷудаи таъминоти об ва нигоҳдории техникии таҷҳизот ва инфрасохторро ба зима гирифтаанд.
Ин лоиҳа ҳамчун намунаи хуби ҳамкории муассир байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳама якҷоя барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва пешбурди рушди устувори минтақавӣ кор мекунанд, мебошад.
Каритас Тоҷикистон аз LDS Charities ва мақомоти маҳаллӣ барои шарикӣ ва дастгирии бебаҳояшон самимона изҳори сипос мекунад. Ташкилот барои беҳтар кардани некӯаҳволии ҷамоатҳои осебпазир тавассути васеъ кардани дастрасӣ ба оби бехатар ва имкониятҳои беҳтари зиндагӣ дар саросари Тоҷикистон содиқ мемонад.

