Дар дохили колонияи занонаи системаи ислоҳӣ як боғчаи бачагона мавҷуд аст, ки занони маҳкумшуда бо кӯдакони то 3-солаи худ дар он ҷо меситанд. Ин кӯдакистон дар гузашта аз мушкилоти зиёд дошт. Чанд лоиҳаҳои Каритас ба ин боғча кӯмак расонидаанд.
Ин лоиҳаи Каритас Тоҷикистон, ки тавассути MISSIO USA (платформаи краудфандингии католикӣ) маблағгузорӣ шудааст, якчанд мушкилоти кӯдакистонро ҳал кард. Маблағҳои хайрия барои бартараф кардани чакидани бом ва пешгирии тар шудани утоқҳои зист дар фасли зимистон равона карда шуд. Қисми дигари кӯмак ба самти дастраси ба оби тоза ба ҳамаи муассиса, равона карда шуд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар оғоз ҷамъшавии маблағ (тавассути MISSIO) хеле суст ҷараён гирифт, аммо дар давоми баста шавии корхонаҳо (карантин) дар алоқаманди ба COVID-19, ҷамъовари зуд боло рафт. Бо истифода аз ин лаҳза, мо ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лоиҳаи хайрия саҳм гузоштаанд, изҳори сипос мекунем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *