Каритас Тоҷикистон кори худро бо муҳоҷирон идома медиҳад. Дар доираи ин кори барнома, дар ҳамкорӣ бо Caritas Internationalis дар Белгия, дар доираи шабакаи ERRIN, бо муҳоҷирони собиқ, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бармегарданд, фаъолияти иҷтимоӣ-реинтегратсия гузаронида мешавад. Ҳадафи ҳамин кори реинтегратсиявию-иҷтимоӣ бо бозгаштагон ин кӯмаки дар дарёфти имкониятҳои шуғл, кушодани соҳибкорӣ ва ё кӯмак дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мебошад.
Амина (номашро дар ин ҷо бо хоҳишаш иваз карда шуда аст) як ҷавонзан, модари 3 фарзанд аст, ки аз Олмон ба Тоҷикистон баргаштааст. Каритас алҳол бо ин кас кори реинтегратсиони-иҷтимоӣ мебарад. Дар доираи ин кори, вай аз ҷониби Каритас барои эҳёи тиҷорати оилавии худ, тарабхона дастгирӣ карда шуд. Ресторани оилавии онҳо таъмирталаб буд ва чанд вакт боз пурра кор намекард. Айни замон Амина тибқи нақшаи реинтегратсиявии худ таъмири бинои тарабхонаро анҷом дода истодааст. Амина хушнуд аст, зеро ӯ метавонад орзуҳои оилаашро дар мавриди эҳёи тиҷорати оилавӣ амалӣ созад ва ояндаи худ ва оилаашро таъмин намояд.