Аз аввали соли 2019 КТ татбиқи лоиҳаи «Такмили идоракунии партовҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Ҷомӣ ”-ро оғоз намуда буд. Ин лоиҳа барои КТ ба як намуд нуқтаи гардиш дар барномаи ‘’Об, Санитария ва Гигиена’’ (ОСГ) табдил ёфт, зеро бо он фаъолият дар як соҳаи нисбатан нав яъне, идоракунии партовҳо ва ғамхорӣ ба муҳити атроф, пиёда карда шуд. Мо аз он рӯҳбаланем, ки ин лоиҳа бо таълимоти Лаудато Си (номаи илҳомбахш ҷиҳати ғамхорӣ ба муҳити зист), мувофиқат мекунад.
Ҳангоми иҷрои ин лоиҳа, як ноҳияи дурдаст, дар ҷануби Тоҷикистон, ҷиҳати такмили кори партовҳо дуруст ва самаранок идоракунии ин соҳа ва ғамхорӣ ҷиҳати муҳити зист, ҳидоят ва дастгирӣ дид. Лоиҳа ба рушди иқтидори ташкилоти масъул ба идоракунии партовҳо дар ноҳия мусоидат кард, ҷиҳати ба роҳ мондани бозистифодаи баъзе партовро талош намуд, якчанд партовҳои ҷамъиятиро бозсозӣ намуд, аҳолӣ ва мактаббачагонро ба асосҳои 3R-и идоракунии партовҳо ва таҷрибаҳои пешқадамро ба онҳо омӯзонд. Ҳамаи ин ба лоиҳа имкон дод, ки дар такмил додани идоракунии партовҳои ҷамъиятӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ дар минтақаи лоиҳавӣ ва боз муҳимтараш, беҳдошти ҳифзи муҳити зист, мусоидат намояд.
Лоиҳа аз ҷониби Каритас Люксембург дастгирӣ карда шудааст