Каритас Тоҷикистон барномаи беҳдоштии худро оид мубориза бар зидди бемории сил дар системаи пенитенсиарии (СП) кишвар дубора оғоз намуд. Дар ҳоле ки чунин лоиҳаҳо дар гузашта аз ҷониби Каритас Люксембург дастгирӣ мешуданд, лоиҳаи нав, ки аз 1 апрели соли 2021 аз ҷониби Каритаси Италия маблағгузорӣ шудааст. Лоиҳаи “Таъмини муҳити дастгирикунанда ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар системаи ислоҳии Тоҷикистон” -2021 лоиҳаи ҳамаҷонибаи пешгирӣ, ташхис, табобат ва нигоҳубини иҷтимоии беморони сил дар СП ва дар бахши шаҳрвандӣ (дар ҳолати дар давоми табобат озод шудани бемори сил) мебошад. Он бевосита ба 100+ нафари бемори сил (аз шаклҳои ҳассос, шаклҳои мутобиқшудаи сил) равона шудаааст ва аз лоиҳа ҳамчунин 2 ҳазор корманди СП ва 12 ҳазор маҳбусон манфиат мегиранд. Лоиҳа дар ҳамкории зич бо барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалӣ карда мешавад. Мо қайд мекунем, ки КТ дорои таҷрибаи зиёда аз 10-солаи кор дар системаи ислоҳӣ бо лоиҳаҳои худ дар соҳаи тандурусти ва иҷтимоӣ мебошад.
Маблағгузорӣ аз ҷониби Каритас Италия

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *