Каритас Тоҷикистон (CT) дар ҳоли ҳозир рӯи як лоиҳаи бахши ҳолати фавқулодда кор мекунад, ки ҳадафаш кумак ба мардуми осебдид аз фаромади ярҷ дар ноҳияи Ҷомӣ барои бунёди хонаҳои нав дар макони нав аст. Каритас дар ин маҳал кӯмакро дар сохтмони хонаҳо, таъмини дастрасӣ ба оби тоза, сохтмони ҳоҷатхонаҳои бехатар ва сохтани ҷӯйҳои селпарто дастгирӣ мекунад.
Фаъолият ҷиҳати таъмини оби тоза зарурати пармакунии чоҳи амудиро пеш овард. Пармакунии чоҳи обкашӣ бо чуқурии 164 метр, дар чаҳорчӯби ин лоиҳа, натиҷаи надод, яъне дар чоҳ ба миқдори лозима об пайдо нашуд. Ин дар ҳоле аст, ки ин дар ноҳия системахои обтаъминкунӣ, ки обро аз чоҳҳо (бо чукурии 70—100 метр) мегиранд чизи маъмули аст. Ин ва дигар ҳолатҳои мушоҳидакардаи мо, моро ба он водор мекунанд, ки тағирёбии иқлим воқеияти имрӯзаи мост ва бори дигар зарурати амалҳои инсониятро барои пешгирӣ ё боздоштани гармшавии глобалӣ таъкид мекунад. Ин мисол боз як сабаби дигар ҷиҳати дастгирии маъракаи глобалии конфедератсияи Каритас «БоҲам Мо» мебошад.