Барномаи Каритас Тоҷикистон (КТ) дар соҳаи тандурустӣ дар пайи Ҳадафҳои Рушди Устувори CММ ва “Стратегияи рафъи сил”-и ТУТ ҷиҳати мубориза бо бемории сил дар кишвар фаъолона кор мекунад. Ин барнома аҳолии системаи пенитинсиароро мавриди дастгирӣ қарор додааст. Аз соли 2020 инҷогиб, КТ пайваста лоиҳаҳоро дар ин соҳа амалӣ менамояд, ки ҷанбаҳои асосии мубориза бо бемории силро, ба монанди, пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории силро фаро мегиранд.
Моҳи гузашта лоиҳа омӯзиши муфидро барои кормандони тиббии мистемаи ислоҳӣ оид ба сирояти сили ниҳонӣ ташкил намуд. Омӯзишро мутахассисони МҶҲАБС пешниҳод карданд ва дар чорабини 13 нафар кормандони тиббии муассисаҳои ислоҳии қисмати ҷануби кишвар фаро гирифта шуд. Чунин машғулият барои коркунони тиббии муассисахои дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ қаблан ташкил карда шуда буд.
Мувофиқи маълумоти ТУТ ва баъзе тадқиқотҳои дигар, тақрибан 20% аҳолии ҷаҳон сирояти ниҳонии сил (LTBI) доштаанд. Аз ин лиҳоз, ТУТ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ҷаҳонии ин соҳа барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар боло зикршуда фаъол кардани корро оиди сили ниҳонӣ тавсия медиҳанд.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамкории зич бо Барномаи миллии муҳофизати аҳолӣ аз бемории сил ва шӯъбаи тиббии системаи пенитинсиарӣ амалӣ карда мешавад. Бояд қайд кунем, ки КТ бо лоиҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоии худ таҷрибаи зиёда аз 10-солаи кориро дар системаи ислоҳӣ дорад.
Бо маблағгузории Caritas Италия