Каритас Тоҷикистон ба татбиқи фаъолиятҳои омӯзишии обу санитарии барномаи дастраси ба оби тоза ва идоракунии партовҳо оғоз кард, ки он бинобар асари пандемияи COVID-19 он мавқуф гузошта шуда буд. Бо дарназардошти вазъ, мундариҷаи тренинг бо назардошти ҳамгироии мавзӯи пешгирии эпидемияи COVID-19 аз нав дида баромада шуд. Бо ин роҳ, омӯзишиҳои обу санитарии ба таври беҳтарин ба аҳолии ноҳияи Қубодиён кӯмак мекунад, чунки ҳамзамон иттилооти заруриро ҷиҳати ҳимояти аҳоли ҳам аз бемориҳои алоқаманд бо об ва ҳам аз эпидемияи COVID пешниҳод кард. Омӯзишҳо бо аҳоли ва дар мактабҳо хуб ташкил карда шуданд ва калонсолону бачагон дар он фаъолона иштирок карданд. Ҳукумати ноҳия ва шӯъбаи маориф ба гузаронидани ин омӯзишҳо мусоидат намуданд. Омӯзишҳо аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии Алтернатива гузаронида шуданд.
Маблағгузорӣ аз ҷониби CRS

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *