КТ фоъолияти реинтегратсияи иҷтимоиро бо як муҳоҷири аз Аврупо бозгашта ба итмом расонид. Усмонбек, бозгаштае мебошад, ки чанд сол қабл бо мақсади кору рӯзгори осуда ба Олмон муҳочират намудааст. Касби ӯ байтор мебошад , дар гузашта (то солҳои 90-ум) дар соҳаи чорводорӣ дар ватан фаъолият менамуд . Дар шароитҳои нави иқтисодии ҳозира касби Усмонбек дар бозори меҳнат талабгор надорад ва аз ин лиҳоз ӯ маҷбур шуд, ки ба муҳоҷират рӯй орад. Муддати зиёд у дар Руссия ба хайси ронандаи автобус фаъолият намуд. Ҳангоми пайдо шудани фурсати муносиб барои муҳочират кардан ба давлатҳои Европа кӯшиш намуд, ки аз он бо пурраги истифода барад. Ҳамин тавр, ӯ бо мушкилотҳои нав рӯ ба рӯ шуд. Мушкилии асосӣ барои Улуғбек ин надонистани забон ва азхуднамоии малакаҳову донишҳои нав буд. Ӯ ҳаёти нави худро бо дарсхои забономӯзӣ ва омӯзиши малакахои нав оғоз намуда, ҳамчун устои таъмири асбобҳои рӯзғор фаъолият намуд. Бо вуҷуди ин, маблаге, ки ӯ бо ин роҳ ба даст овард, барои ниёзҳои ҳамарӯзаи аҳли оила кофи набуданд. Ҳамин тавр, ӯ ба хулосае омад, ки ба ватанаш баргардад ва зиндагии худро дар он ҷо оғоз намояд ва дар ин масъала ба Улуғбек ташкилоти хайриявии Микадо Муҳоҷират ва Каритас кӯмак намуданд.
Баргаштан ба ватан ва оғоз намудани ҳаёти нав дар Тоҷикистон аз Усмонбек кӯшишҳои зиёдро талаб мекунад ва дар ин масъала Каритас ӯро ҳамроҳӣ менамояд. Яке аз аввалин масъалаҳое, ки пас аз бозгаштан ба ватан ӯ бояд анҷом медод, ин ёфтани ҷойи кор ё тиҷорат барои ба даст овардани даромадб мебошад. Дар ин кор Каритас ба ӯ роҳнамоӣ намуд.
Ҳамчун байтор, ӯ дар аввал дар бораи парвариши чорвои калони ширӣ ва гӯштӣ андеша менамуд. Бо вуҷуди ин, баъд аз таҳлилҳо ва машваратҳои амиқ ӯ ба хулосае омад, ки ин намуди тиҷорат танҳо дар ояндаи дур фоида меорад.
Бинобар ин, ин намуди тиҷорат рад карда шуд ва варианти дигар, яъне мусофиркашонӣ бо мошинаи шахсӣ, таксӣ дида баромада шуд. Бо таҷрибаи пешинаи худ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ин фаъолият дар назар осон намуд ва бо роҳнамоии Каритас ӯ нақшаи тиҷоратро таҳия кард. Имрӯз, бо дастгирии Микадо Муҳоҷират ва Каритас, Усмонбек малакаҳои пешинаи худро дар ҷои нав амалӣ мекунад ва мо ба ӯ дар ин фаъолияташ муваффақиятро хохонем.