КT муқаррароти сиёсати экологии худро ба фаъолияти барномавӣ ва идоравии маъмурии корхона пайваста ҷорӣ менамояд. Дар ин ҷода, мо дар бораи ташаббусе, ки қисми лоиҳаи «Такмили идоракунии партовҳо дар ноҳияи Ҷомӣ» мебошад нақл мекунем. Кормандони лоиҳа дар асоси ин сиёсат баъзе фаъолиятҳоро ҳамчун фаъолияти иловагии лоиҳа, ки ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд, ҷорӣ намуданд. Ҷамъоварии пластик ва дигар намуди партовҳо барои коркард як таҷрибаи пилотӣ аст ки лоиҳа дар н.Ҷомӣ амалӣ менамояд. Бо вуҷуди он, ки дар қисмати зиёди кишвар ин таҷриба, яъне ҷамъоварии партовҳо барои коркард амалӣ гашта шудаистодааст, дар минтақаҳои дигар ин чиз ба назар намерасад. Соҳибкорони инфиродии маҳаллӣ корҳои ҷамъоварии металҳои сиёҳ ва рангаро амалӣ мекунанд, вале аз сабаби паст будани нархи пластикҳо ва арзиши гарон барои хароҷотҳои нақлиётӣ, ҷамъоварии пластикӣ, коғаз ва дигар партовҳои коркардшаванда, маъмул нест. Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо дигар чорабиниҳои омӯзишӣ ба шиносоии фарҳанги экологии дар байни аҳолӣ ва тағйири рафтори онҳо, нисбати ин масоъил, мусоидат менамояд.