Рӯзи Байналмилалии Дилро кормандони Каритас бо ташриф ба шӯъбаи кӯдаконаи ҷарроҳии, қайд намуданд. Ин шӯъба бо талошҳои Каритас ва тавассути барномаи «Таъсиси шӯъбаи кӯдаконаи ҷарроҳии дил» (лоиҳаҳои I-III, 2011-16 амалӣ карда шуда буд) кушода шуда буд. Ин яке аз лоиҳаи воқеъан ҳаётбахшест, ки КТ дар кишвар татбиқ кардааст. Бунёди ин марказ имкон дод, ки ҳарсола, даҳҳо тифли навзод ва кӯдаконе, ки норасоиҳои дил аз ҷумла норасоиҳои модарзодии дил ва дигар мушкилиҳо доранд, ҳаёташонро беҳатар гардонанд. Мувофиқи омори соли 2012, дар байни ҳамаи сабабҳои фавт дар байни тифлон, бемориҳои дил ҷои сеюмро ишғол мекард, 91% ҳамаи ҳодисаҳои фавт бо сабаби нокомиҳои модарзодӣ ва мушкилоти рагҳои тифлони навзод, дар соли якуми ҳаёт мебошанд. Мушкилоти дил бошад сабаби 10.1 маъюбии кӯдак дар байни 10 ҳазор кӯдак мегардад.
Шӯъбаи нав бо таҷҳизоти техникии замонавӣ, барои гузаронидани ҷарроҳии кӯдаконаи дил, аз ҷумла навзодон (!), муҷаҳҳаз шудааст. Неруи асосии ин шӯъба духтурон, мутахассисони он мебошанд, ки бо клиникаҳои пешбари педиатрии Русия, Ҳиндустон ва Эрон ҳамкорӣ мекунанд. Тавоноии дигари шӯъба дар он аст, ки кормандони, он қобилиятиистифода ва нигоҳубини техникии чунин таҷҳизоти мураккаби замонавиро нишон доданд, ки дар ин минтақаи Осиёи Миёна кам ба назар мерасанд.
Барои КТ ин анъана шудааст, ки собиқ лоиҳаҳои худро бо мақсади омӯхтан ва истифодаи он дар тарроҳии лоиҳаҳои оянда ва омӯзиши таҷрибаи муфид, хабар гирад. Ташрифи мазкур, инчунин, як ҳадафи рӯҳбаландкунии кормандони ин коргоҳро дошт, то онҳо донанд, ки Каритас то ҳол ба ин шӯъба таваҷҷӯҳ дорад.
Барнома аз ҷониби Каритас Люксембург маблағгузорӣ шудааст

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *