Дар чаҳорчӯби лоиҳаи Об ва Санитария худ, Каритас ба муносибати Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҳафтаи амал ташкил намуд. Ҳафтаи чорабинӣ бо ҳамоҳангӣ ва иштироки маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия баргузор гардид. Чорабинӣ тамоми мактабҳои шаҳраки Қубодиёнро бо зиёда аз 5 ҳазор нафар хонандагон фаро гирифт. Паёми калидии дар ҷамъомадҳо дар бораи саломатӣ, дар бораи саломатии интегралӣ буданд, ки он бо консепсияи интегралии экология пайванд аст. Ин консепсия пешниҳоди Каритас Интернатсионалис мебошад ва онро Каритас тавассути кампанияи «БоҲам мо» пиёда намудааст.
Бо дастгирии Хадамоти Кӯмакҳои Католикӣ