Каритас Тоҷикистон бо як иқдоми худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии тандурустӣ ба ҷашни умумиҷаҳонии Рӯзи саломатӣ ҳамроҳ шуд.
Тавре ки пандемияи глобалии COVID-19 нишон дод, дар ҷаҳони пайвастаи мо, беҳдоштии глобалӣ ба ҳамаи мо таъсир мерасонад. Чи тавре, ки мушоҳидаҳо собит мекунанд бемориҳои сироятӣ ва тағирёбии иқлим масъалаи солимиро дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ аз пештара шадидтар мекунад. Дар ин замина, таҷлили рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Он одамонро аз манфиатҳои солимии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, дар сатҳи маҳал, кишвар ва ҷаҳон огоҳ месозад.
Дар паи ҳамин рӯҳияи Рӯз Ҷаҳонии Тандурустӣ, КТ иқдоми муштаракро ташкил кард, ки дар тӯли он кормандони воҳидҳои тандурустии маҳаллӣ ба ҳар оила, ҳар як хоҷагӣ дар минтақаи дурдасти лоиҳа (Қубодиён) ташриф оварда паёми Рӯзи Ҷаҳонии Тандурустиро ба ҳар як аъзои ҷомеа расонанд. Зимни ин ташрифҳо, коркунони тиб дар бораи аҳамияти эҳтиёт намудани солимии шахсӣ ва саломатии наздикон дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ сӯҳбат карданд. Онҳо инчунин дар бораи бемориҳои сироятӣ сӯҳбат кард ва аз беморон дидан карда маслиҳат доданд. Маърака 7 рӯз (аз 7 апрел) давом карда 309 хоҷагӣ ва шумораи 1871 аҳолиро фаро гирифт.
Маблағгузорӣ аз ҷониби CRS

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *