Ҳамчун хабар аз шарикони Каритас, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, мо иттилоот медиҳем, ки пас аз чордаҳ соли амалиёти пурсамар дар кишвар Фонди Каритас Люксембург (ФКЛ), аз якуми январи соли 2020 фаъолияти худро қатъ намуда, идораи намояндагии худро дар Тоҷикистон баст. ФКЛ дар Тоҷикистон бо барномаҳои худ дар соҳаи тандурустӣ, бахусус, дар барномаи зиддисилӣ дар системаҳоии ислоҳӣ (СИ) ва лоиҳаҳои педиатрӣ, маъруф мебошад. Лоиҳаҳо дар соҳаи обтаъминкунӣ ва ҳолатҳои фавқулодда боз як саҳми дигари фаъолияти ин созмон дар рушди Тоҷикистон буд. Лекин, бо кушишҳои давомноки худ ҷиҳати таҳти назорат гирифтани бемории сил дар СИ Фонди КЛ дар ин муддат ҷойи хосу нотакрори худро ва дар ин соҳа ишғол намуд.
Роҳбарияти Каритаси Тоқикистон бо эҳтироми ва арзи сипоси махсус дастгирии давомноки ФКЛ ҷиҳати рушди КТ қайд мекунад. Лоиҳаҳои саршумори КТ аз ҷониби ФКЛ маблағгузорӣ шудаанд. Ҳамкории зич ҷиҳати якҷоя истифода кардани идора, амвол ва кормандон, ташкили чорабиниҳои умумӣ ва дастгирии якдигар, таҷассуми мувафақона пешбурди принсипҳои шарикӣ ва якдилии Каритас мебошанд, ки бешак ба баланд бардоштани самаранокии барномаҳо оварда расонд. Мо мехостем, сипоси алоҳидаи худро ба доктор Годехард, намояндаи ФКЛ, ки дар ин ҳамкорӣ нақши хос дорад, бирасонем.