Барои ташкилотҳои Каритас, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ташкил намудани вохӯриҳои байни ҳам барои мубодилаи таҷриба ва фикру ақидаҳо, тадриҷан ба анъана мубаддал мегардад. Ин дафъа, чунин вохӯрӣ бо истифодаи фурсати ташрифи намояндаи Каритас Люксембург дар кишвар, ташкил карда шуд. Ғайр аз Каритас Тоҷикистон дар кишвар, Каритас Люксембург, Олмон ва Швейтсария низ, фаъолият мекунанд. Дар вохӯрии охирин, ҳамаи ташкилотҳои номбурда ба истиснои Каритас Швейтсария, иштирок намуданд. Ин вохӯриҳои мубодилавӣ, ҳанӯз ҳам ҳамчун як форуми комили Каритас ҳисобида намешавад, аммо онҳо қадамҳои аввалин барои ташкили форумҳои дохили-давлатии Каритас мебошанд.