Каритас Қазоқистон (CKz) як омӯзиши виртуалӣ оид ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кори Каритас бо номи “Фаҳмиши шабакаҳои иҷтимоӣ, шарҳ, стратегияҳо ва истифодаи онҳо дар Осиёи Марказӣ” ташкил намуд, ки шарикони худро аз Осиёи Марказӣ даъват менамояд (01-05 феврал ‘) 2021). Мазмуни тренинг хеле бой, воқеъӣ ва муфид барои таҳияи стратегияи дурусти коммуникатсионӣ барои ташкилотҳои рушд буд. Омӯзиш бо забони итолиёвӣ бо тарҷумаи пайдарпай ба русӣ гузашт. Каритас Тоҷикистон дар вебинар ширкат варзид, ва бораи таҳияи стратегияи коммуникатсионии худ бисёр маълумоти амалӣ ва муфид пайдо карданд. Барандаҳо барои ҳар як машғулият мутахассисони соҳаи дахлдор аз донишгоҳҳои пешрафтаи Италия даъват шуда буданд, анҷом доданд. Онҳо дар бораи роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои ахбороти умум дар корҳои рушд бисёр маълумоти таҳлилӣ пешниҳод карданд. Иштирокчиён. Аз ҷумла КТ ба CKz барои ташкили ин омӯзиш дар сатҳи баланди байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.