Ташкилот далели таърихии кори Caritas-ро дар кишвар пайдо кард. Ин далел, иншоот – хонае ҳаст (ва ҳатто якчанд хонаҳо) дар ноҳияи Қубодиён, ки Каритас дар гузашта бунёд карда аст. Ин хонаҳо пас аз хоимаи ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳолии ба маҳалҳои муқимии худ баргардонидашудаи ин минтақа дар миёнаи солҳои 90, сохта шуда аст. Ин хонаҳо, ҳамчун шоҳиди муҳаббати умумиинсонӣ, ғамхории башардӯстонаи ба мардуми кишвар дар он давраи мушкил ба мо ёдгорӣ мебошанд.
Акси хонае, ки 25 сол пеш бо дастгирии Каритас сохта шудааст, инчунин як пандест, ки мо бояд ҳангоми кор бо барномаҳои худ дар бораи таъсири дарозмуддати он ёд дошта бошем. Ҷолиби диққат аст, ки вақте ин лоиҳа амалӣ шудааст худи ташкилоти Каритас Тоҷикистон дар кишвар мавҷуд набуд, эҳтимол онро Каритаст Олмон ва ё Швейтсария бунёд карда бошанд. Аҳолии минтақа “Каритас”-ро ба неки ёд мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *