Каритас Тоҷикистон дар Ҳафтаи Глобалии Амалиёти Каритас «Бо Ӯ ҳамсафар бош», аз 29 сентябри то 6 октябри соли 2019, фаъолона ширкат варзид. Ин Ҳафтаи Ҷаҳонии Амалиёт чорумин ташаббуси глобалии сафарбаркунӣ аз ҷониби Каритас Интернатсионалис (КИ) мебошад, ки аъзоҳои ташкилоти Каритас -ро дар атрофи маъракаи ‘Бо Ӯ ҳамсафар бош” сафарбар намудааст.
Ҳадафи ин маърака афзун намудани ҷой ва имкониятҳо баҳри наздик намудани ҷомеъаҳои маҳаллӣ бо муҳоҷирон ва гурезаҳо буд. Методологияи маъракаи ‘’Бо Ӯ ҳамсафар бош’’ дар атрофи “Фарҳанги истиқбол’’ пайдо мешавад. Мавзӯъ санъат аст. Санъат ва зебоӣ, ки қодиранд ба ақлу дили одамон таъсир расонанд.
Аз муваффақиятҳои соли гузашта рӯҳбалан гашта Каритас Тоҷикистон дар ин маърака иштирок намуд ва дар соли ҷорӣ низ корҳои муфидеро анҷом дод. КT як чорабинии муштаракро ташкил намуд, ки дар он ҷомеаи маҳаллӣ ва муҳоҷирони афғон, алалхусус занон, ҷамъ омаданд. Дар якҷоягӣ дар ин чорабинӣ 70 нафар иштирок намуд, аз ҷумла муҳоҷирони афғон, пиронсолони маҳаллӣ, намояндагони Каритас ва намояндагони корхонаҳои давлатиро ҷамъ овард. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо вазорати меҳнат ва муҳоҷират ташкил карда шуда буд. Чорабини имкон фароҳам овард, ки ба муҳоҷирони афғон ва аҳолии маҳаллӣ фарҳанги худро тавассути намоиш додани анъанаҳо, мусиқӣ ва сару либосашон пешкаши тамошо намоянд. Инчунин пешкаши хӯрокҳои анъанавӣ пешбинӣ шуда буд.
Дар шарикӣ бо Каритас Люксембург амали гашт