Лоиҳаи “Омодагӣ ба ҳаёти мустаъқилона – дастгирӣ баҳри мувафаққият”-2 и КT дар самти пуштибонии ҳуқуқҳои наврасони синфҳои 9 ва 11 дар ду мактаб-интернатҳои кишвар корҳои хеле қобили таваҷҷӯҳро ба ба анҷом мерасонад. Ин мактаб- интернатҳо дар Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ҷойгир мебошанд.
Мушкилоти ятимони дар мактаб-интернатҳо басарбаранда ин, надоштани ахборот ва дониш оид ҳуқуқҳои асосии ва масъулият худ онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ин тарбиятгирандагон мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ доранд ва ба онҳо ҳуқуқҳояшон фаҳмонда мешавад ва ба ҳаёти мустақилона омода карда мешаванд. Дар ин самт, ҳуқуқшинос ва мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ аз тарафи лоиҳа онҳоро дастгирӣ мекунанд.
Ниёзҳои наврасон тариқи пурсиш муайян карда шуда инъикоси худро дар мавзӯъҳои сӯҳбат-омӯзишҳои иттилоотию ҳуқуқӣ ва дигар фаъолиятҳо меёбанд. Талабагони синфҳои 9 ва 11, ки ба наздики деворҳои мактаб-интернатҳоро тарк менамоянд ва ба ҳаёти мустақилона қадам мегузоранд, баҳрабардорони асосии чунин фаъолиятҳои ҳуқуқӣ мебошанд.
Барои ҳаллу фасли эҳтиёҷоти ҳуқуқии ин ҷавонон, лоиҳа сессияҳои иттилоотию-ҳуқуқӣ ташкил менамояд, маслиҳатҳои инфиродии ҳуқуқӣ пешкаш мекунад ва дар ҳолатҳои зарури бевосита ҳуқуқҳои онҳоро пуштибони менамояд.
Дар ҷаласаҳои ҳуқуқӣ диққати махсус ба қонунҳои ҷумҳурӣ, алалхусус «Дар бораи муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон», қонунҳо ва низомномаҳо дар бораи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои категорияҳои осебпазири аҳолӣ, Кодекси граждани, меҳнат, оила, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба дигар санадҳои меъёрии дахлдор, дода мешавад.
Аксар вақт ин кӯдакон бо поймолкунии ҷиддии ҳуқуқиҳои худ дучор мешаванд, зеро баъзеи онҳо ҳуҷҷати маълумкунандаи статусашон (ҳатто баъзан шаҳодатномаи таваллуд) ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи осебпазирии худро (ба монанди исботи надоштани сарпараст, шаҳодатномаи фавти волидон, шаҳодатномаи ба гурӯҳи осебпазир мутааалиқ буданашон) надоранд. Ин ба ҳолате оварда мерасонад, ки кӯдакон аз кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ бебаҳра мемонанд ва инчунин наметавонанд барои амволи аз падару модарон боқимонда даъво намоянд. Илова бар ин, дар ятимхонаҳо касе нест, ки бо инҳо фаъолият ҳимояи ҳуқуқӣ гузаронад.
Аз лаҳзаи оғози лоиҳа дар соли 2018 беш аз сад ятим барои амалисозии ҳуқуқҳои худ ва оғози тадриҷии ҳаёти мустақилона баъди интернат, дастгирӣ ёфтанд. Ин дастгирӣ на танҳо фаъолияти баланд бардоштани огоҳиро дар бораи ҳуқуқҳои назариявӣ, балки ташвиқоти воқеиро оиди кор, бо роҳи муроҷиат кардан ба инстантсияҳи гуногун, барои ҳимояи ҳуқуқҳои наврасони осебпазир, дар бар мегирифт. Лоиҳа аз ҷониби Каритас Олмон маблағгузорӣ шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *