- Лоиҳаи “Беҳдошти обу санитарияӣ – 3» дар ноҳияи Ҷомӣ (2018-2020)
Ташкилоти хайриявии «Каритас Интернатсионалис» дар Ҷумҳурии Тоҷикисон (кӯҷоҳаш КТ) дар доираи барномаи обу санитарияиаш лоиҳаи навро роҳандози намуд. Ин лоиҳаи нави “Беҳдошти обу санитарияи – 3» дар ноҳияи Ҷомӣ, буд ки дар ҳисоботи соли 2018 каме ахбороти оиди он пешниҳод шуда буд ва бинобар ин дар ин ҳисобот танҳо оиди қисми асосии ҳамин лоиҳа хоҳем гуфт.
Ба воситаи амалӣ гардондани фаъолияти ин лоиҳа ду системаи дигари таъмини оби тоза дар ноҳияи Ҷомӣ аз таъмир бароварда шуд. Ин ду система бо номи ПМК ва Истиқлол дар ноҳияи Ҷомӣ шинохта мешаванд. Дар давоми соли 2019 дар ин самт корҳои наззаррасе ба анҷом расонида шуданд. Ин фаъолиятҳо ба анҷом расонида шуд: таъмири пурраи обкашхони ПМК (васл кардани обкаши нав ЭЦВ-8-25-55 бо дастгоҳи идоракунии барқии обкаш СУЗ-40), таъмир хоначаи идоракунӣ ва хоначаи обкаш, тоза кардани хатҳои об дар кӯчаи Сомониён ва қисман нав кардани қубурҳо дар маҳаллаи Навобод ва ба ин восита зиёд кардани дастраси ба оби тоза дар ин кӯчаҳо.
Сохтан ва ба истифода додани идораи Обдеҳоти ноҳия бо тамоми ҷиҳозаш ва як компютер ва принтер, кори дигаре ҳаст ки ноҳия иҷро намуд. Таъмири бино ва ташкили устохона ва анбор барои таъмири обкашҳо, таъмини он бо ҷиҳоз ва асбобҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуд. Таъмини ашёҳои аёни оиди сохти обкашҳо, техникаи бехатарӣ, ёрии аввалия, коргузори (муҳосибот ва удоракуни) дастраси Обдеҳоти ноҳия каррда шуд.
Зиёда аз ин, кор дар системаи 10 сол бекорхобидаи Истиҷлол қариб ба анҷом расид. Дар ин система насоси нав (ЭЦВ-8-40-90 бо дастгоҳи идоракунии барқии обкаш СУЗ-100А) васл карда шуд. Гирди обкаш бо панҷара ҷудо карда шуд ва хоначаи идоракунӣ таъмир шуд. Хатҳои таъмини об дар 33 ҷой таъмир карда шуданд. Қисман хатҳои нав кашида шуд ва дастрасии ба оби тоза зиёд карда шуд.
Лоиҳаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ноҳия, Обдеҳоти ноҳия, мактабҳо, сохторҳои тандурустии ноҳия ва сокинони деҳаҳо ва кӯчаҳои мақсаднок амали шуда истодаанд. Маблағҳои грантӣ барои ин барнома аз Хадамоти Кӯмакҳои Католикӣ (CRS) сафарбар карда шудааст.
Инчунин, системаи оттаъминкунии мактаб-Литсей таъмир карда шуд (обкаши консолии Shimge 18 м.куб) ва ба мактаби наздики ва аҳоли аз он хати об гузаринида шуд. Дар ин мактабҳо дастшӯякҳо сохта дода шудаанд.
Ба аҳолии калонсол ва мактаббачагон омӯзишҳо оиди пешгирии бемориҳои вобаста ба об, санитария ва гигиена ва сарфакоронаю оқилона истифода бурдани оби нӯшокӣ гузаронда шудаанд.
2. Лоиҳаи Идоракунии партовҳо дар ноҳияи А. Ҷомӣ (соли 2019)
Каритас Тоҷикистон лоиҳаи идоракунии партовҳоро дар ноҳияи А. Ҷомӣадр давоми сол амалӣ намуд. Мақсади лоиҳа, ин беҳ кардани анҷоми партовҳо дар хоҷагиҳо ва хизматрасонии КДФ ХМК-и ноҳия мебошад.
Чунин корҳо дар ин давра ба анҷом расонида шуд: азнавсозии 7 партовгоҳи ҷамъиятӣ дар ҳамкории бо маҳалҳо, сохтмони ду партовгоҳ дар мактабҳо (Мактаби №1 ва литсей) ва якто дар беморхона, таъмири капиталии ду автомошинаи ХМК (обкашӣ ва трактор), таъмини як автомошинаи Зил (боркаш, истифодашуда).
Ба воситаи ХМК ҷаъоварӣ ва коркарди аввалиная пластикҳо дар ноҳия ба роҳ монда шуд. Барои ин мақсад фонди гардиши ҷуда гардид ва асбоби қимакунии пластикҳо таъмин карда шуд.
Омӯзишҳои асосоҳои анҷоми партовҳо гузаронида шуд ва қуттиҳои партовпартоӣ вобаста ба намуди партов таъмин карда шуд, то ки бачагон ҷудо партофтани партовҳоро таҷриба кунанд. Дар мактабҳо (Мактаби №1 ва литсей) Компостгоҳҳо сохта дода шуд, то ки партовҳои органикӣ дар дохил ба порӯ- нурӣ табдил дода шаванд. Чорабинии ноҳиявии плоггинг байни чор мактаб ташкил карда шуд ва он маърифати экологии ҷавононро ғанитар гардонид.
Омӯзиҳо бо аҳолӣ ҷиҳати анҷоми дурусти партовҳо гузаронида шуданд. Ба онҳо маводҳои фаҳмондадиҳӣ оиди ин масъала дастрас карда шуданд. Дар маҷмуъ қарид 500 хоҷаги аз чунин омӯзишҳо гузаштанд.
Донор Каритаси Люксембург
3.Барномаи Реинтегратсияи нафарони бехона, лоиҳаи 3 (2019-20)
Каритас Тоҷикистон дар кори кӯмаки иҷтимоӣ ба нафарони оворагард собиқаи назаррас дорад ва онро донорон эътироф менамоянд. Ин аст, ки КТ лоиҳаи сеюми худро дар ин самт роҳандози намуд. Лоиҳа «Реинтегратсияи оворагардон-3» ном дорад ва онро Каритаси Итолиё дастигирии молиявӣ намуд.
Ҳадафи лоиҳа, чун пештара, кӯмак барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани одамони овора (бехона), ки дар Душанбе оворагардӣ мукунанд, мебошад. Он охири соли 2019 оғоз ёфт. Фаъолияти ин лоиҳа аз расонидани хизматҳои иҷтимоиро ба нафарони бехона иборат аст. Он аз фаъолияти лоиҳа пешина фарқи калон надоранд. Лоиҳа чунин кӯмакҳои маиширо ба мизоҷон мерасонад: ҷомашӯӣ, истифодаи ҳамом. Дигар намуди хизматҳои иҷтимоӣ ба монанди маслиҳати тиббӣ ва равон кардан ба муолиҷа ба дигар муассисаҳои ваколатдори давлатӣ мебошанд. Аммо кӯмаки муҳимтарин дар ин қатор кӯмакҳои реингтегратсионӣ мебошанд, ки ба тарзи ҳаёти муқаррарӣ овардани нафарони оворагард равона шуда аст. Ин ҷо дохил мешаванд маслиҳатҳои ҳуқуқӣ барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳо ё ёфтани кор ва маслиҳати равоншинос барои бартараф кардани мушкилотҳои равонии оворагон дохил мебошад.
Маблағҳои грантӣ барои ин барнома аз ҷониби Каритаси Итолиё сафарбар карда шуданд.
4. Лоиҳаи дастгирии наврасони ятиммонда, «Омодаги барои зиндагии мустақилона – раҳнамоӣ баҳри муваффақият», Лоиҳаи-2 (2019-20)
Лоиҳаи «Омодагӣ барои зиндагии мустақилона – раҳнамоӣ баҳри муваффақият», ки аз феврали 2017 амал мекард фаъолияташро соли 2019 (аз 01/04) давом дод. Ин лоиҳа давоми мантиқии лоиҳаи якум мебошад. Лоиҳа бо ятимон, хатмкунандагони мактаб-интернатҳои лоиҳавии соли хониши 2018-19 ва 2019-20 кори ҷитимоӣ мебарад. Ин лоиҳа дар мактаб-интернати ш. Душанбе (№1) ва Шаҳринав фаъолият менамояд.
Мақсади ин лоиҳа ин ба зиндагии мустақилона омода намудани ятимон – наврасон, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои номбурда иборат аст. Дар ин кор кӯҳансолоне, ки фоидабарандагони лоиҳои пештараи маркази иҷтимоӣ буданд, фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо дар лоиҳа ба ҳайси раҳнамои ҷавонон баромад карда ин корро ҳамчун ихтиёриён иҷро карданд. Робитаи байни ду насл – ҷавонон ва калонсолон, ки тавассути лоиҳа ба вуҷуд омад, имкон дод то калонсолон ҳамчун мураббӣ ба наврасон бо таҷрибаи бойи зиндагиашон раҳнамо бошанд. Муофиқи ин лоиҳа фаъолиятҳои зерин ба анҷом расонида шуд: ба наврасон аз тарафи калонсолон вохӯриҳо оиди интихоби касб гузаронда шудаанд. Наврасон дар курсҳо барои омӯзиши касбҳо иштирок карда, касбҳои дилхоҳашонро омӯхтанд. Дар мактаб-интернатҳо дарсҳои иловагиро мувофиқи хоҳиш ва мушкилиҳои хонандагон барои тайёрӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ташкил карда шудаанд. Сессияҳои иттиллоотӣ дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ оиди тахсил ташкил карда шуданд. Инчунин, машваратҳои ҳуқуқӣ барои наврасон муофиқи хоҳиши онҳо гузаронда шуданд. Аз тарафи равоншинос машғулиятҳои дар мавзӯи «Чӣ тавр имкониятҳои худро истифода бурд» ва машваратҳои индивидуалӣ бо ятимон баҳри омодагии онҳо ба ҳаёти мустаъқилона гузаронида шудаанд. Сафарҳо ба донишкадаҳо ва литсейҳо баҳри интихоби касб, барои бачаҳо ташкил карда шуданд. Аз тарафи наврасон бошад, дарсҳо оиди истифодаи компютер барои куҳансолон гузаронда шуд. Барои барқарор кардани робита байни калонсолон (пиронсолон) ва ҷавонон-хонандагони мактаб интернатҳои Душанбе ва Шаҳринав, зиёда аз 14 чорабиниҳо вохӯриҳои берун аз мактаб гузаронда шудаанд. Дар баробари ин ба ҷавонон дар барқарор кардани ҳуҷҷатҳо кӯмаки ҳуқуқшинос расонида шуд, маслиҳати ҳуқуқии инфироди ва сессияҳои ҳуқуқи барои омодагии ҷавонони ятим ташкил карда шуданд.
Дар маҷмӯъ ин лоиҳа тамоми хатмкунундагони соли хониши 2018-19 ва соли 2019-20-и ин ду мактаб интернатро фаро гирифт.
Зиёда аз ин, лоиҳаи фаъолиятҳоеро амалӣ намуд, ки барои омодагии ҷавонон дар давраи хатм аз интернат равона шудаанд. Аз ҷумла, сессияҳои омодагӣ барои супурдани ҳуҷҷатҳо ба маркази миллии тестӣ, ташкили дарсҳои иловагӣ, раҳнамоии хатмкардагон ҳангоми интиҳомҳои дохилшавӣ ва кор бо нафарҳое, ки дар давраи таътил дар интернатҳо танҳо мондаанд.
Ин барнома дар шарикӣ бо Вазорати маориф ҶТ амалӣ шуд. Донори барнома: Каритаси Олмон.
5.Лоиҳаи беҳтар намудани шароитҳо санитари дар муассисаи тарбиявии 3/12 ва Қабулгоҳи тақсимкунандаи барои оворагон ва гадоён РВКД дар ш. Душанбе (ҚТОГ) ВКД ҶТ
Лоиҳаи хурди мазкур бо мақсади беҳ кардани шароитҳои сантарӣ барои наврасон (дар муассисаи тарбиявии №12) ва нафарони оворагард (дар ҚТОГ) равона шуда аст.
Шарикони лоиҳа Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноят (СРИҶҶ ВА ҶТ) ва ҚТОГ ВКД ҶТ мебошад. Фаъолияти лоиҳа чунин корҳоро дар бар гирифт:
- Дар муассисаи тарбиявии №12, ҳамом, ҳоҷатхона ва ҷои дастшӯии тарбиятгирандагон таъмири капитали карда шуд. Ба ғайр аз ин, хатҳои об иваз карда шуда обгармкунаки калон таъмир карда шуд.
- Дар ҚТОГ ВКД ҶТ хати оби корезии он таъмир карда шуд, ҳамом, ҳоҷатхонаҳо ва ошхона аз таъмири пурра гузаштанд. Обкаши нав ва обгармкунаки нав таъмин карда шуд. Ин объектҳо бо дару тирезаҳои пластикӣ таъмин шуданд ва бино аз тарафи берун таъмири ороишӣ карда шуд.
Ҳамаи ин навгониҳо шароити санитариро дар ин ду объект ба таври назаррас беҳтар карданд.
Лоиҳа аз тарафи Фонди Каритас Люксембург маблағгузорӣ шуд.
6. Лоиҳаи реинтегратсияи бозбаргаштагон – муҳоҷирон (шаҳрвандони Тоҷикистон аз Аврупо) ба Ватан дар соли 2018
Ин лоиҳа бо ташаббус ва ҳамкории якчанд ташкилотҳои аврупоӣ, ки бо бозпасгардондани муҳоҷирон машғул ҳастанд, сурат гирифт. Яке аз чунин ташкилотҳо – Micado Migration, (Refugee Council of Netherland) Консули Муҳоҷирони Нидерландия мебошад.
Мақсади умумии лоиҳа расонидани кӯмаки иҷтимоӣ дар баргардондашудагон ҷиҳати ташкили шуғл, манбаи даромад дар ватан мебошад. Бозбаргаштагон ин муҳоҷирони собиқ мебошанд – шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ягон давлати Аврупоӣ барои кӯмак дар бозгашташон ба ватан муроҷиъат кардаанд. Дар чунин ҳолатҳо ташкилотҳои дар боло номбаршуда бо онҳо кори иҷтимоӣ-реинтегратсиониро, ҷиҳати баргардонидани муҳоҷир, шуруъ мекунанд. Каритас танҳо бо қисмати кори иҷтимоие, ки бо баргаштагон дар ватан сурат мегирад, машғул мебошад. Кори иҷтимоӣ бо ин гурӯҳ баъди баргашт асосан аз чунин корҳо иботар аст: истиқболи онҳо ва ёфтани ҷои муваққатӣ (агар зарур бошад ва баргашта нафари наздике надошта бошад), кӯмак/ маслиҳат дар ёфтани шуғл, навиштани аризаи грантӣ ва амалӣ намудани лоиҳаи худ/ ё ташкили бизнеси хурди худ. Қисман ва ё пурра дастгирӣ намудани ташкили бизнеси хурди бозбаргашта. Назорат ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои грантӣ аз тарафи ба бозбаргаштагон. Тайёр намудани ҳисоботҳои молиявӣ ва матнӣ барои донорҳо оиди барнома.
Грантҳоро ташкилотҳои хайриявӣ-тараққиётии Аврупои ҷудо мекунанд, то ки муҳоҷирон дар ватани худ соҳиби кор/ машғулият гашта дигар ба муҳоҷират рӯй наоранд. Бозбаргаштагон дар асоси нақшаи бизнеси худ аз ташкилотҳои ёрирасон маблағи муайянеро ҳамчун кӯмак ҷиҳати барқарор намудани зиндагӣ дар ватан пас аз муҳоҷират, мегиранд.
Дар давоми соли 2019 Каритаси Тоҷикистон кори иҷтимоиро бо 9 нафар бозбаргаштагон аз Германия ва Нидерландия амалӣ намуд.
Ёрии консултасионӣ ба Бозбаргашта барои ташкил намудани бизнес. Мониторинги пешбарии корҳои бизнес.