Каритас Тоҷикистон фаъолияти иҷтимоъӣ-реинтегратсиониро (ИР)-и дар соли 2022 пеш бурда истодааст. Соли ҷорӣ (то ҳоли гузориш) 12 нафари бозгашта аз кишварҳои аврупоӣ ба шарофати дастгирии шарикон ба монанди Микадо-Муҳоҷират ва Шӯрои Ҳолланд оид ба гурезаҳо кӯмаки иҷтимоъӣ-реинтегратсиониро гирифтанд.
Мо ин дафъа оиди кори иҷтимоъӣ-реинтегратсионӣ бо як муҳоҷири пасбаргашта аз Олмон, нақл мекунем. Муродалӣ соли 2016 бо хонаводааш баҳри дарёфти зиндагии беҳтар ба Аврупо муҳоҷират кард. Лекин, бинобар баъзе мушкилот дар ҳуҷҷатҳо ва наёфтани шуғл, ӯ қарор дод, ки соли 2021 ба хона баргардад ва ба Шабакаи Аврупоии Бозгашт ва Реинтегратсия (ERRIN) дархости кӯмак кард.
Пас аз бозгашт ӯ тасмим гирифт, ки кори шахсии худ – ташкили устохонаи таъмири автомошинаҳоро кушояд, зеро таҷрибаи ҳамин соҳаро дорад. Гузашта аз ин, дар Олмон низ ба ҳамин кор машғул шуда, донишу малакаи худро такмил додааст. Вай мутахассис дар доираи васеи хидматрасонии автомобилӣ, аз ҷумла ташхиси муҳаррик, таъмири кузови автомобилҳо ва хидматрасонии мошинҳои муқаррарӣ ва гибридӣ гардид. Муродалӣ ҳангоми баргашт нақшаи сохтмони устохонаи мошинтаъмиркуниро пешниҳод кард ва аз ҷониби ERRIN барои амалӣ намудани он, махсусан дастрас намудани масолехи бинокорӣ кӯмак гирифт. Алҳол устохонаи ӯ фаъолият менамояд.
Соли 2022 зан ва ду фарзандаш низ аз Аврупо ба хона баргаштанд ва аз ҷониби Микадо-Муҳоҷират дастгирӣ ёфтанд. Ин дастгирӣ низ тавассути Каритас Тоҷикистон расонида шуд. Вижагии ин ҳолат дар он аст, ки ӯ ҳамчун як баргаштаи собиқадор дар раванди кори иҷтимоъӣ-реинтегратсионии ҳамсараш ширкати фаъолона дошт.
Ҳамин тавр баргашти Муродалӣ ва оилаи ӯ ва кӯмаки онҳо дар ёфти кору фаъолият дар ватан намунаи хуби фаъолияти иҷтимоъӣ-реинтегратсионии Каритас бо муҳоҷирон мебошад.