Коргарони Каритас Тоҷикистон (КТ), бахусус гурӯҳи тандурустӣ – сил пайваста оиди ҷустуҷӯи имкониятҳои нави маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои Каритас кор мекунад. Ин бо сабаби аҳамият ва таъхирнопазирии кори мубориза бо сил, ки дар Ҳадафҳои Рушди Усувор то соли 2035 хотима додан ба бемории сил пешбинӣ шудааст, инчунин аз сабаби он, ки дар кишвар сатҳи баланди беморшавии сил (алалхусус шакли мутобиқгаштаи он) ҷой дорад ва инчунин аз он сабаб, ки таҷрибаи кори хайриявии мо оиди бемории сил дар системаи пенитенсиарӣ хеле фавқулодда аст.
Ин кӯшишҳо дар соли ҷорӣ натиҷаи нави назаррас ба даст овард. Яъне пешниҳоди Каритас оид ба пешбурди мубориза бо сил бо равиши дар асоси эҳтироми ҳуқуқҳои беморони сил аз ҷониби Шарикӣ “Маҳви сил” (Stop TB Partnership) дастгирӣ ёфт. Лоиҳаи пешниҳодшуда барои кишвар беназир аст.
Дар робита ба дастгирӣ ёфтани ин лоиҳа, наояндаи Каритас ба саммити ҷомеаи Шарикӣ “Маҳви сил” (22 ноябр дар Бангкок баргузор гардид) даъват карда шуд. Ин чорабинӣ барои Каритас ҳам мароқовар ва ҳам муфид буд унки он оид ба стратегияи глобалии мубориза бар зидди бемории сил, мафҳумҳои асосии равиши CRG (Ҷомеъа, Ҳуқуқ ва Гендер) буд ва барои иҷрокунандаи лоиҳа арзиши амалӣ дошт.
Бо истифода аз фурсат, мо таваҷҷуҳи ҳамагонро ба ҷаласаи дарпешистодаи сатҳи олии СММ (Созмони Миллали Муттаҳид), ки моҳи сентябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, ҷалб менамоем. Дар он масъалаҳо ва нақшаҳои маҳви бемории сил то соли 2035 дар сатҳи баландтарин ва бори дуввумин дар таърихи СММ, баррасӣ хоҳанд шуд. Ин як масъалаи хеле муҳим аст, зеро ҳамасола бемории сил 1,6 миллион нафарро (дар соли 2021) мекушад ва ҳамин тавр сил дуюмин бемории қотилтарини сироятӣ, пас аз COVID-19, ҳисобида мебошад.