Алҳол Каритас болои як лоиҳаи ҳолати фавқулодда кор мекунад, ки ҳадафаш кӯмак ба аҳолии осебдидаи аз фаромади ярҷ дар ноҳияи Ҷомӣ ҷиҳати бунёди хонаҳои нав дар маҳали нав, мебошад. Ин офати табии 20 хонаро пурра хароб карда, 15 хонаи истикоматии дигарро қисман вайрон кард ва аҳолиро аз воситахои зиндагонй маҳрум кард. Барои як кисми хоҷагиҳо, ки пурра зарар дида буданд аз тарафи давлат хонаҳои нав ройгон сохта дода шуд.
Лоиҳаи мазкур бошад, дар асоси арзёбии эҳтиёҷотҳои маҳалли навобод амал карда кӯмаки худро ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба оби тоза, сохтмони ҳоҷатхонаҳои бехат, сохтмони манзил ва сохтани селпартоҳо дастгирӣ амалӣ карда истодааст.
Фоидагирандаи лоиҳаи мазкур, Абдуҷаббор Тағоев аз ҷумлаи онҳое ҳаст, ки аз офати табиӣ осеби ҷиддӣ дида аст, зеро се оилаҳо аз хонаводааш дар натиҷаи офати табиӣ бе манзил монданд. Абдуҷаббор ва занаш (дар сурат) аз лоиҳа миннатдорӣ баён карда, бо он фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, то ки сохтмони хонаашро зудтар ба охир расонанд.
Маблағгузории Каритаси Олмон ва CRS

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *