Муроҷиъат ба Маҷлиси сатҳи Олии Созмони Миллали Муттаҳид оиди масъалаи сил (сентябри 2023)
Ҳамаи он нафароне, ки ба масъалаи бемории сил бетарафнестед дар муроҷиатномаи мазкур имзо гузоред, то аз пешвоёни ҷаҳонӣ ва шарикон дар вокуниши глобалии бемории сил (сил) бипурсед, ки то соли 2024 дастрасии ҳамаҷониба ба табобатҳои нав, кӯтоҳтар ва самарабахши шашмоҳаи шакли мутобиқгаштаи сил (ШМС)-ро пешниҳод кунанд.
Ҳеҷ кас дар ҳеҷ ҷои дунё набояд аз бемории сил бимирад. Сарфи назар аз пешгирӣ ва табобатшаванда будан, сил яке аз қадимтарин ва марговартарин пандемия дар ҷаҳон боқи монда аст, ки ҳар сол 10 миллион нафарро сироят мекунад ва 1,6 миллион нафарро мекушад.
Ба наздикӣ, дастовардҳои бузурги илмӣ дар натиҷаи табобатҳои нав, кӯтоҳтар, бехатартар ва самараноктар барои шакли мутобиқгаштаи сил пайдо шудаанд. Аммо, бисёре аз онҳое, ки ба ин табобатҳои нав ниёз доранд, имрӯз ба он дастрасӣ надоранд. Дар соли 2021 танҳо сеяки тақрибан ним миллион нафаре, ки мубталои ШМС буданд, табобат гирифтанд.
Бо якҷоя кардани садои худ, мо метавонем бо овози баландтар бигӯем, ки одамоне, ки гирифтори ШМС ҳастанд, ҳуқуқ ба нигоҳубини лозим ва сазоворро доранд! Ин ҳақ дастрасӣ ба доруҳои навтарин ва беҳтаринро дар бар мегирад.
Табобатҳои кӯҳнаи ШМС имрӯз ҳам васеъ истифода мешаванд. Ин табобатҳо 18+ моҳро дар бар мегиранд ва самаранокиашон камтар аз 60% аст. Онҳое, ки бо ШМС зиндагӣ мекунанд, бояд тавонанд ба табобатҳои нави тасдиқшудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки 90% самаранокӣ доранд, дастрасӣ дошта бошанд.
Бале, мо метавонем ба бемории сил хотима диҳем, агар мо тамоми воситаҳои дар ихтиёрамон бударо истифода барем ва захираҳои зарурӣ ва иродаи сиёсиро пеша кунем.
Ба ҳаракати мо ҳамроҳ шавед, то табобатҳои нави ШМС-TB-ро зуд пайгирӣ кунед ва вокунишҳои силро, ки ба ҳуқуқ, ҳассос гендер ва одамон нигаронида шудаанд, ҳавасманд кунед.
Ҳоло ин дархостро имзо кунед, ки он ба пешвоёни ҷаҳонӣ, ки дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бемории сил дар моҳи сентябри соли 2023 ширкат мекунанд, пешниҳод карда мешавад.

Барои дастгирии ин муроҷиъат ба ин алоқа пайравӣ кунед:
https://avaaz.org/community_petitions/en/world_leaders_and_partners_in_the_global_response__fast_track_the_cure/?cwOPrtb&utm_source=sharetools&utm_medium=copy&utm_campaign=petition-1673329-fast_track_the_cure&utm_term=cwOPrtb+en

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *