24 март мо Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории силро таҷлил кардем. Каритас Тоҷикистон (CT) аз ин рӯзи муҳими ҷашни истифода карда эҳтироми беандоза ва ҳаваси худро ба корҳое, ки ҳамаи мо дар саросари минтақа ва ҷаҳон ҷиҳати хотима бахшидан ба бемории сил анҷом додаем, изҳори менамояд.
Инчунин, ин таҷлил имкони дурусте барои хотиррасон кардани он аст, ки бемории сил як масъалаи мушкили глобалии тандурустӣ буда, ҳамасола ҳазорон нафар дар кишвари мо ва миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон мубтало менамояд.
Биёед аз ин чорабинӣ барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеъа истифода барем ва ба шахсони гирифтори бемории сил дастгирӣ кунем. Ин як фурсатест, ки бо истифода аз он мо ҳамагонро ба ташхис, дастрасӣ ба табобат ва андешидани чораҳо барои пешгирии паҳншавии бемории сил дар ҳама ҷо, ҳавасманд кунем.
Қобили зикр аст, ки ин соли фарқкунанда барои таҷлили ин рӯз мебошад. Ин дар ҳолест, ки мо ба сӯи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ҷамъомади 2-юми сатҳи олӣ [UN HLM] дар таърихи СММ ки ба ин мавзӯъ бахшида мешавад қадам мезанем. Он 22 сентябри соли равон баргузор мегардад ва масъалаи мубориза бо бемории силро дар сатҳи олитарин баррасӣ хоҳад кард.
Ба ин муносибат биёед ҷомеъаро бо ин мавзӯъ ҷалб кунем ва паёмҳоро дар ин мавзӯъ паҳн кунем, то онҳоро ба мубориза бар зидди бемории сил, дастгирии шахсони гирифтори ин беморӣ ва ҳамкорӣ даъват кунем. Ҳукуматҳои худор ба ҳамкории зич ва судманд баҳри расидан ба ин мақсадҳо ҷалб кунем, кори мубориза бо силро дастгирӣ кунем ва муҳимтар аз ҳама масъулиятро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ҷиҳати хотима додан ба бемории сил то соли 2030, омода кунем.
Новобаста аз он, ки мо як паёми оддии рӯҳбаландкунанда хурд дар ин бора паҳн мекунем ё хоҳиши муфассал ифшо мекунем, ҳар як кӯшиши хурдтарин дар мубориза бар зидди бемории сил муҳим аст (!) ва дар ҳисоб аст.
Биёед дар ин кор фаъолона саҳм гирем. Бо ҳам мо метавонем силро маҳв созем.
Бале, Мо метавонем ба сил хотима диҳем!
@stoptbpartnership, #EndTB,

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *