Ҳайъати коргарони Каритас Тоҷикистон ҳамроҳ бо собиқадорони корхона 15-умин солгарди ифтитоҳи дафтари ин созмонро таҷлил карданд. Чорабинии солгард ҷашнӣ хурд ва дохилӣ буд. Собиқадорони ташкилот ва коргарони муваффақ тӯҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.
Аввалин моҳи апрели соли 2007 буд, ки Каритас Тоҷикистон дафтари худро кушод. Идораи корхона ҳамон вақт фақат аз як хонаи дуҳуҷрагӣ буд. Кормандони нахустини ин ташкилот Михаил Бабаян ҳамчун ёвари логистикӣ ва муҳосиб ва Хуан Карлос Сак ҳамчун директор фаъолият мекарданд. Президенти аввалини Каритас Тоҷикистон ҷ. Карлос Авилла таъин шуда буд. Агар маҷозан гуем, ташкилот кори худро аз «варақаи холӣ» оғоз кард, вақте ки кулли амволи он танҳо як файли ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ иборат буду бас. Корхонаи навтаъсис на ҷиҳози корхонагӣ дошту на таҷрибаи пешбарии созмонҳои ҷамъиятӣ. Таъсиси додани корхона ва кушодани дафтари он аз ҷониби Хадамоти Кӯмакҳои Каатоликии ШМА (CRS) дастгирӣ карда шуд. Лоиҳаи ибтидоӣ пас аз ифтитоҳи расмӣ ин фаъолиятҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ ва обу санитария буданд.
Дар тӯли ин 15 соли фаъолияти пайваста дар худи кишвар ва Афғонистон, Каритас Тоҷикистон 33 лоиҳаи миқёси гуногунро бо дастгирии шарикони шабакаи Каритас амалӣ намуд. Алҳол, ҳамагон ташкилотро ҳамчун як созмони ғайридавлатии пуртаҷриба дар соҳаҳои обу санитария, тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои иҷтимоӣ мешиносанд.
Дар рушди КТ ҳамчун созмон нақши CRS ва Caritas Luxembourg барҷаста аст ва мо онро дар хотир дорем ва хеле қадр мекунем.