КТ хушнудона хабар медиҳад, ки барномаи худро оиди  кори иҷтимоӣ бо ҷавонон аз нав оғоз намуд. Ин дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Омодагӣ ба давраи гузариш ба ҳаёти мустақил – парасторӣ баҳри муваффақият -2» мебошад. Аз соли 2016 ташкилот дар самти ҳалли ниёзҳои ятимони кишвар фаъолият менамояд. Барнома бо дастгирии Каритас Олмон дар Тоҷикистон ва ҳамкори бо ташкилоти ғайридавлатии маҳаллии “Зумрад” амалӣ карда мешавад.Ин як лоиҳаи иҷтимоӣ бо консепсияи камёфт мебошад, ки ба шарофати кӯшишҳои муштараки ҳамкорон омода шудааст. Асоси мантиқии лоиҳаро ҳамкории муштарак ва дастгирии миёни ду гурӯҳ, ду насл: пиронсолон ва наврасони ятим, ташкил медиҳад. Аз ҷумла, лоиҳа ба гурӯҳи мақсаднок,  ятимони мактаб-интернатҳо дар марҳилаи муҳими ҳаёти онҳо, яъне дар давраи омодагӣ ба ҳаёти мустақил тариқи гурӯҳи кӯмакрасон- пиронсолон (ки қаблан гурӯҳи мақсадноки Каритас буданд), кӯмак мерасонад.Фаъолиятҳои лоиҳа барои дастгирии ятимон равона карда шуда, тавассути тренингҳо оиди масъалаҳои ҳаётӣ ва роҳнамоиҳои ихтиёриёни пиронсоли сертаҷриба, барои ҳаёти мустақил омодагӣ мебинанд. Ҳамзамон, ихтиёрони пиронсол аз ҳамкорӣ бо ҷавонон қаноатмандии маънавӣ мегиранд. Ин лоиҳаи дуюм буда, барои амал ёфтан дар муддати як сол ба нақша гирифта шудааст.