Президенти Каритас Тоҷикистон (КТ), Педро Рамиро Лопез ташкилотро дар Ассамблеяи 21-уми генералии Каритас Интернатсионалис (КИ) намояндагӣ намуд. Иштирок дар ҳамоиши мазкур барои ӯ ва ҳамаи кормандони КТ, воқеаи хеле муҳим ва рӯҳбаландкунанда мебошад, зеро дар он ҳуҷҷатҳои тақдирсози конфедератсия, монанди стратегияи КИ ва бисёр фармонҳои дигари дахлдор, қабул гаштанд. Баъди бозгашт аз ин ҷаласа, он кас ба ҳамкорон оиди чорабинӣ маълумот доданд. Маводҳои намоишии аз Ассамблеяи Генералии овардашуда, нақли ӯро боз ҳам ҷолибтар ва ғанитар намуданд. Ташкилот барои ин чорабинӣ омодагиҳо дида буд ва маводҳои иттилоотие, ки оид ба пешбурди фаъолияти “Бо мо ҳамсафар бош” буданд, дар он ҷо ба намоиш гузошта шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *