Кормандони Каритас Тоҷикистон дар қатори ҳамкасбони худ аз дигар ташкилотҳои Каритас аз Осиёи Марказӣ дар чорабинии омӯзишии виртуалӣ оиди фандрайзинг хусусӣ (пайдо кардани маблағҳо барои барномаҳо) ширкат варзиданд. Ин давраи омӯзишӣ ба қадамҳои аввали фандрайзинг хусусӣ бахшида шуда, он фандрайзинги дохилӣ ҳамчун “хайр” махсусан дар байни шахсони католикро дар бар гирифт. Ин як роҳи омода кардани ташкилотҳо барои устувории молиявии оянда мебошад, то ки аз маблағгузории донорҳои байналмилалӣ камтар вобастагӣ дошта бошанд. Ҳамин тариқ, ин фаъолият як такмили тавонмандии хуби ташкилот буд.
Аз ҷониби CRS дастгирӣ ва ташкил карда шуд