Ҳар сол 15 октябр дар ҷаҳон Рӯзи глобалии шустани дастҳо ҷашн гирифта мешавад. Қайди ин рӯз ҳамчун як чорабинии муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии ҷаҳон оиди аҳамияти дастшӯӣ аҳмияти калон дорад. Сар задани пандемияи ҷаҳонгири КОВИД-19, махсусан, аҳамияти одати шустани дастро, ҳамчун яке аз роҳҳои универсалӣ ва соддатарини пешгирии паҳншавии ҳама гуна бактерияҳо, вирусҳо ва беҳтар намудани саломатии одамон, дубора таъкид кард.
Дар доираи барномаи об, санитария ва гигиена (WASH)-и худ Каритас якчанд чорабиниҳоро бахшида ба ин рӯз анҷом дод, ва ин чорабиниҳо барои таблиғи маъракаи ҳавасмандгардонӣ ва сафарбар кардани аҳоли дар маҳалҳои лоиҳавӣ, барои беҳтар кардани одатҳои шустани дастон равона шудданд. Ин ҷорабиниҳо ба таври равшан чунин паёмеро талқин менамояд, ки шустани дастон, ҳамчун одати муфид, ҷиҳати пешгирии паҳншавии ҳама бемориҳо, хусусан вируси Ковид-19, аҳмияти хос ва самаранокии махсус дошт ва дорад.
Ин одати қадимӣ аҳамияти худро бо мурури замон на танҳо гум накардааст балки боз муҳимияти бештареро соҳиб шуда ва бешак кафолати солимии инсонро фароҳам меорад. Ин паём бо мавзӯи имсолаи Рӯзи ҷаҳонии шустани дастҳо –‘ Гигиенаи дастҳо барои ҳама’, мувофиқат мекунад, ки ҷомеаро барои ноил шудан ба гигиенаи ҳамагир барои имрӯз ва оянда, даъват мекунад.
Чорабиниҳо аз ҷониби шарики Каритас ТҶ “Альтернатива” дар мактабҳои ноҳияи Қубодиён, ташкил карда шуданд. Мактаббачагон аҳамияти шустани дастро муҳокима карда, тарзи дурусти шустани дастонро намоиш доданд ва муҳимияти ин корро ба оилаҳои худ расониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *