Фарҳод баъд аз муддате кору зиндаги дар Аврупо, асосан дар Олмон, ба ватан баргашт. Дар муҳоҷират кори хубе пайдо накард. Дар наздикии маҳале ки ӯ зиндаги мекунад бозори калоне ҷойгир аст, ва ин бозор имкониятҳои пайдо кардани шуғлро барои сокинони маҳалҳои атрофи фароҳам меорад. Дар он ҷо шумораи зиёди фурӯшгоҳҳои хурду калон, барои фурӯши қариб ҳама намуди молҳо, тарабхонаҳо ва устохонаҳо, ки намудҳои гуногуни хизматрасониҳоро ба аҳолӣ пешкаш мекунанд, мавҷуд аст. Яке аз чунин фурӯшгоҳҳоро дар ин бозор бозбаргашта Фарҳод, иҷора гирифта кори савдоро ба роҳ мондан мехоҳад. Дар он ҷо ӯ ба фуруши сару либос, сумка ва дигар молҳоро барои мардон, занон ва кӯдакон ташил кардан мехоҳад.
Вақти аз Аврупо баргаштан, Фарҳод нақша дошт, ки тиҷорати худро аз сар фаъол гардонад чунки дар гузашта дар ин кор таҷриба дошт. Хароҷоти баргаштан ба зиндагии муқаррарӣ ба ӯ осон набуд. Аввалан, ӯ тасмим гирифт, ки тиҷораташро барқарор кунад ва дар ин ҷо вай ба дастгирӣ ниёз дошт. Хушбахтона, ташкилоте, ки дар фиристодани муҳоҷирон ба ватанашон кор мекунад, Каритас Интернатсионалиси Белгия (КИБ) барои ӯ кӯмаки молиявӣ дастрас намуд. Он маблағи реинтегратсионӣ ном дошта барои ёфтани шуғл ё таъмини рӯзгор дар давраи аввал ба баргаштагон дода мешавад.
Каритас Тоҷикистон (КТ) ҳамчун тарафи бовариноки КИБ дар давлати қабул баромад карда дар кори ба ҳаёти муҷаррарӣ барқароркунии (ё реинтегратсияи иҷтимоии) баргаштагон мусоидат менамояд. Бинобар ҳамин КТ бо Фарҳод корро иҷтимоӣро бурд то ки ӯ тавонад дар муддати кӯтоҳ зиндагиашро баъди баргаштан барқарор кунад. Яке аз қадамҳои ин кор тартиб додани нақшаи барқароршавӣ аст, ки дар ин кор КТ ба баргашта раҳнамоӣ ва кӯмак менамояд.
Тибқи ин нақша ӯ қарор кард, ки маблағҳои дастгирии реинтегратсияро барои кушодани тиҷораташ, дар дӯкони либосҳо, сармоягузорӣ кунад. Нақша ба даромади зуд нигаронида шудааст, чун ӯ ҳамчун соҳибкори собиқадор ин соҳаро хуб мефаҳмад.
Алҳол Фарҳод бо раҳнамоию кӯмаки Каритас ва дастгирии оилааш дар навсозии тиҷораташ талош мекунад. Ҳамин тавр, як муҳоҷири ба хона баргашта тадриҷан зиндагии осоиштаи худро барқарор месозад, ки дар ин раванд Каритас нақши махсус дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *